2 Июл 2025 - 13:33
Source: Parstoday
Аз Қассоби Лион то Қассоби Ғазза: Такрори ҳимояти Амрико аз ҷинояткорон дар таърих

Ин рӯзҳо, ки таърихро варақ бизанем, дар миёнаи сафаҳоти он ба маҳокаи Қассоби Лион мерасем, ҷинояткоре, ки Амрико ӯро ба истихдоми худ даровард.

Ба гузориши Порс-Тудей, 38 сол пеш (июли 1987) дар ҳамин ҳафта, Клаус Барби (Klaus Barbie), ҷинояткори ҷангии нозӣ, маъруф ба «Қассоби Лион» тавассути додгоҳи Фаронса ба иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият ба ҳабси абад маҳкум шуд. Марде, ки раиси полиси махфии Олмон дар Лион буду ҳаддиақал ҳафт ҳазору 500 фаронсавиро ба урдӯгоҳҳои марг фиристоду наздики чаҳор ҳазор нафари дигарро эъдом кард.

Қассоби Лион ҳудуди ду сол маъмури махфии амрикоиҳо дар Олмон буд ва аз ҳимоятҳои моливу таъмини ҷонии онон баҳра мебурд. Аммо фаронсавиҳое, ки дунболаш буданд, радди ӯро дар Берлин пайдо карданд.

Клаус Барби бо унвони «Қассоби Лион» шинохта мешавад. Ӯ ба унвони раиси Гештапо (полиси махфии нозӣ) дар Лиони Фаронса дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум маъмурият дошт наҳзати муқовимати Фаронсаро дарҳам бишканад. Ӯ ба хотири хушунату садизм шӯҳрат дошту ағлаб шахсан дар шиканҷаву эъдоми зиндониён нақш дошт. Дар ҳамин робита манобеи хабарӣ навиштаанд, ки Қассоби Лион масъули дастгирии Жан Мулун, фармондеҳи наҳзати муқовимати Фаронса буд ва худаш ӯро зери мушту лагад кушт.

Ин ҷинояткори ҷангӣ он қадр корашро дӯст дошт, ки ҳатто ҳангоми ақибнишинии иҷбории неруҳои олмонӣ аз Лион, охирин гуруҳ аз усароро, ки чандсад нафаре мешуданд, савори қатор кард ва ба урдугоҳи Ошуитс (Освенсим) фиристод.

Вай авохири ҷанг ба Олмон баргашту баъд аз қатъӣ шудани шикасти Ҳитлер, асноди Гештапо ва СС-и муртабит ба худашро аз байн бурд ва бо ному ҳувияти дигар, зиндагии тозаеро шуруъ кард.

Пас аз поёни ҷанг, бо вуҷуди инки Қассоби Лион таҳти таъқиби мақомоти фаронсавӣ ба хотири ҷиноёти ҳавлноки ҷангиаш буд, тавассути Созмони иттилооти Амрико ба унвони хабарчини шабакаҳои коммунистӣ истихдом шуд. Онҳо аз ӯ муҳофизат карданд ва иҷоза доданд таҳти ҳувияте ҷаълӣ дар минтақаи таҳти ишғоли Амрико дар Олмон зиндагӣ кунад. Дар соли 1951 Барби бо фирор ба Амрикои Ҷанубӣ аз муҳокима гурехт.

Ӯ даҳаҳо ба сурати ошкор дар Боливия зиндагӣ кард то инки тавассути як завҷ ба номи Серж Кларасфилд ва ҳамсараш Биоте шиносоӣ шуд. Дар соли 1983 Фаронса саранҷом тавонист ӯро истирдод кунад то муҳокима шавад ва дар июли 1987, 38 сол пеш дар ҳамин ҳафта, Барби дар ниҳоят ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Матбуоти фаронсавӣ Барбиро «Қассоби Лион» лақаб доданду додгоҳи ин кишвар ҳам ӯро ба ашадди муҷозот, яъне ҳабси абад маҳкум кард (Он замон қонуни Фаронса иваз шуда ва ашадди муҷозот аз эъдом ба ҳабси абад тағйир карда буд). Қассоби Лион, ки он вақт 73 сол дошт, ба зиндон афтод ва то поёни умр (соли 1991) дар ҳабс монд.

Барби дар ҳини муҳокима, ҳеҷ пушаймонӣ аз ҷиноятҳояш нишон надод. Ин муҳокима барои фаронсавиҳо фароянде дарднок буду захмҳои ношӣ аз Барби ва нозиҳоро дар ҳофизаҳо зинда мекард.

Раҳбари Гештапо ба 341 ҷинояти ҷудогона алайҳи башарият маҳкум шуд. Дар соли 1983 Амрико расман аз Фаронса ба далели истихдоми Барбӣ ва муҳофизат аз ӯ дар баробари пайгарди қонунӣ узрхоҳӣ кард. Муҳокимаи Қассоби Лион ба унвони нуқтаи атфе дар пайгирии шадидтарин ҷиноятҳо дар ҳуқуқи байналмилал маҳсуб мешавад.

Ва аммо Қассоби Ғазза

Ҳоло баъд аз ҳамаи ин солҳо, қассоби дигаре бо ҳимояти Амрико сар баровардааст. Бо номе дигар, унвоне дигар ва дар ҷое дигар ва он касе нест ҷуз Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ.

Амрико шона ба шонаи Қассоби Ғазза, мардумро ба хоку хун мекашад. Барояш силоҳ мефиристад, дар маҷомеи байналмилалӣ қатънома алайҳи режими Исроилро вето мекунад ва ин рӯзҳо муддаии фишор бар Исроил барои барқарории оташбас аст.

Натанёҳу, Қассоби Ғазза фақат аз октябри 2023 то кунун беш аз 56 ҳазору панҷсад нафарро дар Ғазза ба шаҳодат расондааст ва боиси захмӣ шудани 133 ҳазору 642 нафари дигар шудааст. Наслкушӣ пушти наслкушӣ, иборате, ки дигар барои Натанёҳу  табдил ба як таклифи рӯзмарра шуда аст.

Қассоби Ғазза бо вуҷуди эъломи оташбас, ҳанӯз ҷӯи хун дар вайронаҳои Ғазза ба роҳ меандозад ва ба мардуми гурусна дар марокизи ғизо ҳам раҳм намекунад ва онҳоро ба гулӯла мебандад.

Дар ҳафтаҳои ахир, нуқоти тавзеи кумакҳои инсонӣ дар борикаи Ғазза, ки таҳти мудирияти Муассисаи инсонии Ғазза бо буҷети Амрико ва назорати режими саҳюнистӣ фаъолият мекунанд, ба намоде аз як фоҷеаи инсонии бузург табдил шудаанд. Фаластиниёни гурусна, ки барои дарёфти кумакҳо талош мекунанд, ҳадафи тирандозии тактирандозҳову ҳамалоти ҳавоии режими ишғолгар таҳти амри қассоб қарор мегиранд.

Ҷаҳон мунтазир аст то бубинад муддаиёни ҳуқуқи башар барои муҳокимаи Натанёҳу - ин Қассоби Ғазза чӣ мекунанд? Оё ӯро ба пои мизи маҳкама хоҳанд кашонд? Ё боз ҳам ба тамошои наслкушии мардуми Ғазза ба пуштибонии Вашингтон аз Қассоби Ғазза менишинанд?

Your Comment

You are replying to: .
captcha